Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳлати буду боши бе қайди қирғизҳо дар Русия тамдид мешавад


Муҳлати буду боши шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Русия бе қайди ҷои зист, ки то кунун 7 рӯз аст, мумкин аст то ба 30 рӯз тамдид шавад. Лоиҳаи қонунин мазкурро кумитаи корҳои хориҷӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон тасдиқ кардааст. Созишномаи буду боши шаҳвандони Қирғизистон дар Русия ва аз Русия дар Қирғизистон 19 июни соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буд. Дар сурати аз сӯи порлумони Қирғизистон ва Русия қабул шудани лоиҳаи мазкур, он қувваи қонунӣ касб мекунад. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Русия метавонанд дар Қирғизистон бе қайди ҷои зист 90 рӯз ба сар баранд, дар сурати қабули ин лоиҳа муҳлати буду боши онҳо то 30 рӯз кам мешавад.

XS
SM
MD
LG