Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои ироқӣ бинои ТВ-и Мавсилро ишғол карданд


Бино ба гузориши Рейтерс нерӯҳои Ироқ рӯзи 31 октябр ба ноҳияи Ал-Карама, воқеъ дар шарқи Мавсил ворид шуда, бинои телевизиони маҳаллиро ишғол карданд. Намояндаи дафтари комиссари Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар Равина Шамдасанӣ гуфт, мусаллаҳони тундгаро ҳангоми ақибнишинӣ талош карданд, ки ҳудудан 25 ҳазор мардуми мулкиро аз Тароф ба Мосул бурда ва баъдан ҳамчун сипари зинда истифода кунанд. "Аммо бинобар кумакҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба ин муваффақ нашуданд", - гуфт Шамдасанӣ. Мавсил аз соли 2014 ба ин тараф дар дасти гурӯҳи тундарави "Давлати исломӣ" қарор дорад. Ҳамлаҳои густарда ба шаҳр расман 17 октябр оғоз шуд. Дар ҳуҷуми алайҳи ДИИШ нерӯҳои Ироқ, шибҳанизомиёни шиа ва курдҳои ироқӣ иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG