Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маскав рафт. Қарор аст дар ҷараёни гуфтушуниди ду раҳбар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Туркманистон ва ҳамчунин масъалаҳои минтақавӣ баррасӣ шаванд.

Владимир Путин дар оғози мулоқот бо раҳбари Туркманистон гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ тиҷорат дар байни ду кишвар ба хубӣ пеш меравад ва содироти мол аз Русия ба Туркманистон дар соли 2015 ду баробар бештар будааст.

Раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Русияро як кишвари бузург номид ва гуфт, ки Русияи бузург ҳамеша шарики стратегии Туркманистон боқӣ мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG