Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҳавопаймои ҷангии насли панҷумро ба намоиш гузошт


Чин барои аввалин бор ҳавопаймои ҷангии насли панҷуми J-20-ро дар намоишгоҳи ҳавонавардии Airshow China-2016 ба маърази тамошо гузошт.

Хабаргузории Синхуа навореро пахш кард, ки дар он ду ҳавопаймо дар фарози тамошобинон парвоз карданд ва яке аз онҳо чанд машқеро анҷом дод.

Маълумот дар бораи вежагиҳои ин ҳавопаймо, силоҳ ва муҳаррикҳо дастрас нашудааст. Чин соли 2009 дар бораи коркарди J-20 хабар дода буд.

Вожаи "ҳавопаймои ҷингии насли панҷум" маъмулан дар робита ба ҳавопаймои ҷангии замонавӣ ба кор меравад, ки бо истифода аз текноложии "стелс" банду баст шудааст. Ин навъи ҳавопаймоҳо то ҳол Иёлоти Муттаҳида бархурдор буд. Дар кишварҳои дигар, бо шумули Русия ин ҳавопаймо ё дар ҳоли санҷиш қарор дорад ё дар ҳоли коркард.

XS
SM
MD
LG