Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯе, ки мехост ба ДИ пайвандад, "руҳан солим" эътироф шуд


Мутахассисони донишкадаи ба номи Сербский мегӯянд, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) Варвара Караулова руҳан солим аст. Дар хулосаи тиббӣ гуфта шудааст, ки шуруъ аз моҳи июни соли 2015 Караулова ба руҳафтодагии муваққатӣ гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, донишҷӯ замони зери назорати табибон буданаш ба ташхису табобат зиддият нишон надодааст.

Караулова 27 майи соли 2015 аз Москва ғайб зад. Ибтидои моҳи июни ҳамон сол дар марзи Туркияву Сурия 13 шаҳрванди Русияро боздошт карданд, ки миёнашон Караулова низ буд. Боздоштшудаҳо ният доштанд ба сафи созмони "Давлати исломӣ" пайванданд. Караулова ба Москва баргашта, ному насабашро иваз кард. Ӯро дар талоши пайвастан ба ин созмони тундгаро айбдор карданд. Караулова дар ҷараёни бозпурсӣ айбашро эътироф кардааст. Волидони вай мегӯянд, муҳаббати домоди маҷозӣ, ки мубаллиғи "Давлати исломӣ" будааст, фарзандашонро бероҳа кардааст.

XS
SM
MD
LG