Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ҳамла ба Риққаи Сурия, макони ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро баъди озод шудани Мавсили Ироқ зарур хондааст. Анқара гуфтааст, баъди он ки нерӯҳои Ироқ Мавсилро озод карданд, ҷангиёни ДИ-ро аз назди марзҳояш дур хоҳад кард.

"Мавқеи Анқара дар робита ба ҳамлаи Риққа равшан аст. Аз нигоҳи дурнамои низомӣ беҳтар мебуд, ки ин амалиёт баъди ба поён расидани маъракаи озодсозии Мавсил ва "Сипари Фурот"-и артиши Туркия оғоз шавад", - изҳор доштааст Нуман Куртулмуш, муовини сарвазири Туркия.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эштон Картер, вазири дифои ИМА низ ҳамла ба Риққаи Сурияро баъди озод шудани Мавсили Ироқ ҷонибдорӣ кард. Аз сӯи дигар, мақомҳои баландпояи низомии Амрико дар Ироқ низ гуфтанд, ки нерӯҳои эътилофӣ бояд ба Риққа сафарбар карда шавад.

Нерӯҳои Ироқ дар якҷоягӣ бо гуруҳҳои мусаллаҳи курд 31 октябри соли равон бори нахуст, баъди оғози амалиёти озодсозӣ ба Мавсил наздик шуданд. Ҳайдар Ободӣ, сарвазири Ироқ низ ахиран аз ҷангиён даъват кард, ки Мавсилро ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим кунанд.

XS
SM
MD
LG