Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шореҳи CNN барои кӯмак ба Клинтон аз кор ронда шуд


Шабакаи телевизионии CNN рӯзи душанбеи 31 октябр қарордодро бо кормандаш Дана Бразил дар ҳоле қатъ кард, ки ӯ баъзе суолҳои пеш аз пеш омодаро барои мунозираи номзадҳои Ҳизби Демократ дар моҳи март ба ситоди Клинтон додааст. Хабари ба ситоди Клинтон додани суолҳои тайёрро сомонаи Wikileaks пахш кард.

Бинобар хабари электроние, ки Wikileaks пахш кардааст, Бразил ба ёвари Клинтон дар умури матбуот маълумотеро додааст, ки дар ҷараёни баҳсҳо дар бораи мушкили оби ошомиданӣ дар шаҳри Флинти аёлати Мичиган суол мешавад. Ин суолро аз номзадҳо як сокини шаҳр пурсид, ки фарзандонаш бинобар сатҳи баланди сурб дар оби ошомидаӣ, зарар дидаанд. Бразил ҳамчунин ба Клинтон гуфтааст, ки дар ҷараёни мунозира суоли муносибати номзадҳо ба ҳукми қатл матраҳ хоҳад шуд.

"Мо аз далели тамосҳои пинҳонии Бразил бо ситоди интихоботии Клинтон шадидан ноқаноатманд ҳастем, ӯ ҳеҷ маълумотеро дар бораи мунозираҳо ба таври расмӣ аз мо дарфёт накарда буд" - гуфт Лорен Пратапас, раҳбари CNN.

Шабакаи телевизионии CNN қаблан ҳам барои истихдоми ёвари Доналд Трамп, Кори Левандовки ба сифати шореҳи пулакӣ, ки ҳоло ҳам робитаҳои ғайрирасмиро бо номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳифз кардааст, мавриди танқид қарор дошт. Ба назари мунақидон, тамосҳои Бразил ва Левандовски бо ситоди номзадҳо, бетарафии онҳоро ҳамчун шореҳ зери суол мебарад.

XS
SM
MD
LG