Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари MI5: Русия ба суботи Бритониё таҳдид мекунад


Генерал Эндрю Паркер - раҳбари МI5

Генерал Эндрю Паркер - раҳбари МI5

Эндрю Паркер, раҳбари хадамоти истихбороти Бритониё, гуфтааст, ки Русия ба суботи ин кишвар таҳдид мекунад. Вай дар суҳбат бо нашрияи "The Guardian" афзудааст, "Русия барои пешбурди сиёсати хориҷии худ фаротар аз марзҳояш аз равишҳои хашин истифода менамояд."

Ба қавли раҳбари хадамоти истихбороти Бритониё, Русия дар мухолифат бо кишварҳои ғарбӣ қарор дорад ва ба харобкорӣ, тарғибот, ҷосусӣ ва киберҳамлаҳо даст мезанад. Сарвари истихбороти Бритониё таъкид намудааст, "таҳдиди пинҳонӣ", ки Маскав дорад, на камтар аз тундгароии исломӣ аст.

Соли 2015 Бритониё Русияро ба рӯйхати таҳдидҳои аслӣ ворид кард, ки дар баробари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", вируси "Эбола" ва бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо, ба амнияти миллии Бритониё хатар дорад. Сиёсати Кремлин дар баробари Украина, афзоиши ҳузури низомии он дар Каленинград ва иштирок дар ҷанги Сурия аз омилҳое ҳастанд, ки ба шомил кардани Русия дар феҳристи таҳдиҳои амниятии Бритониё сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG