Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни САҲА аз воҳидҳои Артиши Тоҷикистон дидан мекунанд


Ҳайати низомиёни Амрико, Лаҳистон ва Литва ба манзури бозрасии низомиён, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бархе аз ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон хабари вуруди ин ҳайатро ба шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Тибқи иттилои манбаъ, сафари и ҳайати низомии Амрико, Лаҳистон ва Литва дар Тоҷикистон то 4 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ин ҳайат бар асоси муқаррароти Санади Вена бо вазъи ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон ошно хоҳад шуд. Санад дар бораи чораҳо барои таҳкими эътимод ва амният дар соли 2011 дар шаҳри Венаи Австрия аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ (САҲА) дар Аврупо тасвиб шуда буд. Се соле қабл низ тибқи ин санад гурӯҳи нозирони низомӣ аз воҳидҳои Артиши Тоҷикистон дидан карда буданд.

Санади Вена дар бораи чораҳо барои таҳкими эътимод ва амният чанд созишномаро дар мавриди халъи силоҳ, назорат бар силоҳ ва эътимод дар бахши низомиро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар ин санад табодули васеъи иттилоъ дар бораи неруҳои мусаллаҳ, банақшагирии низомӣ ва буҷети низомиро пешбинӣ шудааст. Тибқи ин санади ҳуқуқӣ кишварҳои узви САҲА ҳамдигарро дар заминаи фаъолияти низомӣ огоҳ карда, нозиронро даъват карда ва бозрасиҳо анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG