Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кампи паноҳандагони ғайриқонунӣ дар Париж аз байн меравад


Рӯзи душанбеи 31 октябр кампи худсохти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Париж ба кӯчидан оғоз кард. Кормандони пулис паноҳандагонро ба ду гурӯҳ - паноҳҷӯён ва муҳоҷирони бесанад ҷудо карданд.

Ин муҳоҷирон баъди сабти ном ба марказҳои махсус интиқол меёбанд. Мақомоти маҳаллӣ талош доранд ин урдугоҳро, ки ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нест, аз байн баранд. Феълан дар он наздик ба 2500 нафар зиндагӣ мекунанд.

Лагери худсохти муҳоҷирон моҳи май дар назди майдони Сталингради Париж бунёд ёфт. Мақомоти шаҳрдорӣ якчанд дафъа барои кӯчонидани он кӯшиш карданд, аммо муваффақ нашуданд. Ҳафтаи гузашта баъди тахриби бузургтарин кампи паноҳандагон дар шаҳри Кале, садҳо нафар ба пойтахти Фаронса рӯ оварданд.

XS
SM
MD
LG