Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд тасвиби созишнома бо Украинаро замонат мехоҳад


Ҳукумати Ҳолланд аз порлумони ин кишвар барои расидан ба созиш бо Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи тасвиби созишномаи Украина ва ба эътибор гирифтани нигаронии мардум, ки дар реферундуми моҳи апрели гузашта ба ин масъала ҷавоби рад доданд, вақти бештар дархост кардааст.

Порлумон ба кабинаи вазирон то 1 ноябр вақт дод, ки мушкилоти созишномаи ҳамшарикӣ бо Украинаро ҳал кунад. Аммо тавре нахуствазири Ҳолланд Марк Рютте гуфт, ҳалли ин масъала бояд ҳадди аққал то моҳи декабр, то баргузории ҷаласаи навбатии Иттиҳоди Аврупо мутаваққиф шавад.

Рютте аз шарикони кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо имзои як санади ҳуқуқиро дахост мекунад, ки дар он таъйид шавад, ки Украина набояд узви Иттиҳоди Аврупо шавад. Иттиҳоди Аврупо ба ин кишвар кафолати амният намедиҳад, ёрии изофии молӣ намекунад ва коргарони Украина дар бозорҳои Аврупо аз имтиёз бархурдор намешаванд. Имзои ин санад, ба гуфтаи нахуствазири Ҳолланд, посух ба нигарониҳои раъйдиҳандагон хоҳад буд, ки ба натиҷаи реферундуми 6 апрел таъсир доштааст.

Ба гуфтаи Рютте, агар дар ин масъала созиш ба даст биёяд, порлумони Ҳолланд санади ҳамшарикӣ бо Украинаро сарфи назар аз он ки бахши умдаи иштирокдорони реферундум ба он ҷавоби рад додаанд, тасвиб мекунад.

XS
SM
MD
LG