Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии меҳмонон дар даври 18-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Рӯзи 30-юми октябр бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ҳарсе бозӣ меҳмонон пирӯз гардиданд.

Рӯзи 30-юми октябр бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ҳарсе бозӣ меҳмонон пирӯз гардиданд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Душанбе ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар сафар «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (2-юми ноябр) барои дастаҳои дигар дастнорас шуд. “Истиқлол” барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мукофотонида мешавад.

Барои ҷойи дувум ва медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола дастаи “Ҳосилот”-и Фархор муддаии аслист. Дар ҳамин ҳол фархориҳо бо 34 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст. Футболбозони шаҳри Турсунзода, инчунин дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе барои медалҳои биринҷӣ талош доранд.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-ум

2 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«Барқчӣ» – «Парвоз»

«Равшан» – ССКА «Помир»

«Вахш» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

«Хайр» – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG