Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ ба шарқи Мавсил ворид шуданд


Биноба хабаргузории Ройтерс нерӯҳои Ироқ ба ноҳияи Ал-Карама, воқеъ дар шарқи Мавсил ворид шуданд. Ҳаракати артиши Ироқ дар ҷабҳаи шарқии Мавсил рӯзи душанбеи 31 октябр баъди таваққуфи серӯза аз сар гирифта шуд.

Мавсил аз соли 2014 ба ин тараф таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" буд. Ҳамлаи густарда ба шаҳр ба таври расмӣ 17 октябр оғоз шуд. Дар ҳуҷум ба шаҳр, нерӯҳои Ироқ, шибҳанизомиёни шиа ва курдҳои ироқӣ ширкат доранд. Эътилофи таҳти назорати Амрико ин гуруҳҳоро аз ҳаво пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG