Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби президенти Молдова ба даври дуюм рафт


Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Молдова 13 ноябр баргузор мешавад. Дар ин бора Комиссиюни интихоботии ин кишвар хабар додааст.

Баъди коркарди 99 дар сади баргаҳои раъй маълум шудааст, ки Игор Додон аз Ҳизби сотсиалистҳо бо 48 дар сад ва Мая Санду, аз эътилофи ростгароҳо бо 38 дар сад аз ҳама бештар овоз гирифтанд. Аммо ҳеҷ як аз номзадҳо натавонист аз нисф зиёди овозҳоро, ки интихоботро дар даври аввал баргузоршуда эълон кунад, ба даст оварад, гуфт Юрий Чекан, раиси Камиссиюни интихоботии Молдова.

Дар 20 соли ахир ин аввалин интихоботи мустақими раёсати ҷумҳурӣ дар Молдова аст. Қаблан сарвари давлатро намояндагони мардумӣ интихоб мекарданд. Интихоботи кунунӣ ҳамчун муқовимати ҷонибдорони ҳамоиш бо Аврупо ва онҳое арзёбӣ мешавад, ки хостори наздикшавӣ бо Русия ҳастанд.

Яке аз ваъдаҳои аслии Игор Додон, номзади сотсиалистҳо баргузор кардани реферундум барои берун шудан аз созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва шомил шудан ба иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё буд, ки дар он Русия нақши аслиро мебозад. Рақиби ӯ Мая Санду мавқеи аврпуоӣ дорад.

Бинобар маълумоти Комиссиюни интихоботии Молдова иштироки овоздиҳандаҳо дар интихоботи рӯзи якшанбеи 30 октябр наздик ба 49 дар сад буд ва ин раванд бидуни иштибоҳҳои ҷиддӣ ва шаффоф баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG