Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози мухолифони Қирғизистон зидди ташкили ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар порлумон


Як гуруҳи мухолифони Қирғизистон, ки дар кӯшиши ғасби ҳукумат айбдор мешаванд, бо нашри як муроҷиатнома хостаанд, то ба Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар, ки ҳамзамон ҳизби ҳоким ба ҳисоб меравад, ҳаққи ташкили эътилофи ҳукумрон дар порлумон дода нашавад.

Мухолифон мегӯяд, ин бори ҳафтум аст, ки ба ҲСДҚ барои ташкили эътилофи порлумонӣ иҷозат дода мешавад. Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки "масъулияти вазъи кунунии Қирғизистон ба зиммаи ҷиноҳи ҲСДҚ аст, чун маҳз он масъалаҳои муҳими кадрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро ҳал кардаасту хоҳад кард".

"Ҳамаи ҳукуматҳое, ки ҷиноҳи ҲСДҚ аз соли 2011 то 2016 ташкил кардааст, ҳудуди як солӣ фаъолият кардаанд. Бештари онҳо барои он фаъолияти худро қатъ карданд, ки натавонистанд эътимод ва интизориҳои мардумро бароварда созанд. Имрӯз боз ҲСДҚ, яъне бори ҳафтум ба ташкили эътилофи нави порлумонӣ, ки дар натиҷаи он ҳукумати нав низ таъсис хоҳад ёфт, пардохтааст. Ин бор ҷиноҳи мазкур дигар ҳаққи ташкили эътилоф ва ҳукуматро надорад", - гуфтаанд мухолифон.

Зери муроҷиатномаи мазкур, ки ба унвони раҳбарони ҳамаи ҷиноҳҳои порлумони Қирғизистон низ фиристода шудааст, Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров, Достон Саригулов ва Эрнест Қорибеков имзо гузоштаанд.

Ин мухолифони фаъоли қирғизро дар талош ба ғасби ҳукумат айбдор мекунанд. Дар ҳоле, ки худи онҳо мегӯянд, ҳамаи айбҳои зиддашон эълоншуда сохта буда, ангезаи сиёсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG