Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон саммити кишварҳои туркзабонро ба таъхир гузошт


Шашумин саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки мебоист семоҳаи ахири соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир шавад, ба таъхир гузошта шудааст. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ин қарор бо ташаббуси Қирғизистон қабул шудааст. Ҳанӯз дақиқ нест, ки саммит кай доир хоҳад шуд. Аммо дар бораи таъхири баргузории саммит Котиботи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон огоҳ карда шудааст.

Шӯрои Ҳамкории кишварҳои туркзабон - созмони байналхалқиест, ки давлатҳои муосири тукрзабонро муттаҳид карда, ҳадафи асосиаш густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ин кишварҳост.

Шӯрои кишварҳои туркзабон 3 октябри соли 2009 дар Нахичиван таъсис шуд. Котиботи Шӯро дар Истамбули Туркия ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG