Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кило" ва "Акула"-ҳои Русия озими соҳилҳои Сурия шуданд


Се киштии зериобии муҷаҳҳаз бо навтарин мушакҳои болдор низ ба гуруҳии фаврии Нерӯҳои дарёии Русия, ки ба раҳбарии киштиҳои ҳомили ҳавопаймои "Адмирал Кузнетсов" озими соҳилҳои Сурияанд, пайвастанд.

Ба навиштаи нашрияи "The Sunday Times"-и Бритониё, киштиҳои Нерӯҳои дарёии ин кишвар самти ҳаракати се киштии зериобии атомӣ, ду "Акула" ва як "Кило"-ро, ки ахиран вориди обҳои Атлантикаи Шимолӣ шудаанд, назорат мекунанд.

Ба иттилои нашрия, ин се киштӣ ҳафтаи гузашта аз бандари Мурманск ба роҳ баромадаанд. "Дар Ғарб нигаронанд, ки эҳтимол дорад, Владимир Путин, президенти Русия дастур медиҳад, то ба Ҳалаб "зарбаҳои ниҳоию харобиовар" зада шавад", - навиштааст The Sunday Times.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа Путин ба дархости низомиён барои аз саргирии бомбаборони Ҳалаб ҷавоби рад дода, онро "бефоида" хонд.

XS
SM
MD
LG