Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон таҳримҳои зидди Русияро тамдид мекунад


Ҷопон ҳамчун узви Гуруҳи ҳафт, таҳримҳо зидди Русияро, ки дар робита ба вазъи Украина ва ғасби Қрим ҷорӣ шудаанд, тамдид мекунад. Дар ин бора сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ хабар додааст.

"Ҷопон ҳамчун узви G7 таҳримҳои иқтисодӣ зидди Русияро, ки дар робита ба вазъи Украина ва Қрим эълон шудаанд, тамдид мекунад", - гуфтааст Абэ.

Сарвазир ҳамчунин ёдрас шудааст, ки миёни Ҷопон ва Русия "бештар аз 70 сол инҷониб вазъи номуътадиле мавҷуд аст, ки бояд ҳал шавад". Вай мавҷуд набудани созишномаи сулҳ ва масъалаи "ҳудудҳои шимолӣ"-ро, ки дар Ҷопон онро Курили ҷанубии Русия меноманд, дар назар дошт.

Дар ибтидои моҳи октябр Синдзо Абэ гуфта буд, ки Ҷопон ғасби Қримро аз сӯи Русия эътироф намекунад.

Радаи болоии Украина 20 ферали соли 2014-ро расман рӯзи ғасби мувақаттии Қрим ва Севастопол аз сӯи Русия эълон кард. Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ эътироф ва рафтори Русияро маҳкум карданд. Дар робита ба ин кишварҳои Ғарбӣ зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Русия мегӯяд, нимҷазираи Қримро ғасб накарда, балки "адолати таърихиро барқарор сохтааст".

XS
SM
MD
LG