Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳароси 48% русҳо аз оғози ҷанги ҷаҳон бар сари Сурия


48 дар сари шаҳрвандони Русия аз ин нигаронанд, ки ташаннуҷ дар равобити Русия ва Ғарб бар сари Сурия метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ табдил шавад. Дар ин бора маркази назарсанҷии "Левада" хабар додааст.

Танҳо сеяки пурсидашудаҳо бовар доштаанд, ки Русияву Ғарб дар масъалаи низои Сурия метавонанд ба созиш бирасанд. Ин рақам аз оғози амалиёти Русия дар Сурия 14 дар сад коҳиш ёфтааст.

Нисфи русҳо бовар доранд, ки Русия бояд ба дахолат дар қазияи Сурия идома бидиҳад. 28 дар сад гуфтаанд, ки Русия бояд аз Сурия берун шавад.

Амалиёти Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 оғоз шуд ва дар ин муддат Маскав борҳо ба бомбаборони муассисаҳои мулкӣ ва манотиқи аҳолинишин муттҳам шуд. Кремл мегӯяд, ки ин ҳамлаҳо ба муқобили ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" равона шудаанд.

Дар ҳафтаҳои ахир пуштибонии Маскав аз ҳаракати артиши президент Башор Асад ба шаҳри Ҳалаб дар байни Русияву Ғарб ташаннуҷ эҷод кард.

XS
SM
MD
LG