Пайвандҳои дастрасӣ

Вафоти коргари кони "Қазоқмис" дар маҳалли кор


Дар коне дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон як коргари ширкати куҳкании "Қазоқмис" баъди бардоштани ҷароҳат вафот кардааст.

30 октябр дар кони Нурказган коргари 36-солаи ширкати мазкур ҷароҳат бардошта, ҷон бохтааст.

Барои таҳқиқи ҳодисаи фоҷиабор комиссияи вижае ташкил шудааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ коргари дигари ширкати "Қазоқмис" дар беморхона фавтид. Он замон сабаби фавти коргар "сарозер шудан аз баландӣ" унвон шуда буд. Моҳи апрел низ коргари дигари "Қазоқмис" дар пайи бардоштани ҷароҳатҳо вафот кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG