Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати зиндони маҳбуси сиёсии ӯзбек 3 солу 5 рӯз тамдид шуд


Додгоҳе дар вилояти Навоии Ӯзбекистон муҳлати зиндони маҳбуси сиёсӣ, вакили пешини Шӯрои Олии Ӯзбекистони шӯравӣ Самандар Қуқановро 3 солу 5 рӯз тамдид кард.

Мақомоти Ӯзбекистон ба хонаводаи Қуқанов гуфтаанд, ки сабаби тамдиди муҳлати зиндони Самандар ба таври "мудовим" вайрон кардани қоидаҳои зиндон аз сӯи маҳкумшуда будааст.

Сардор Қуқанов, писари Самандар мегӯяд, тамдиди муҳлати зиндони падараш ғайриқонунӣ буда, як рӯз пас аз адои муҳлати ҳабс, қарори тамдид содир шудааст. Муҳлати ҳабси Самандар 6 октябри соли ҷорӣ ба охир расида буд.

Қуқанов, ки 23 солу 4 моҳ инҷониб дар зиндон аст, маҳбуси сиёсӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи Ӯзбекистони мустақил дарозтарин муҳлати зиндонро пушти сар мекунад. Вай 2 июли соли 1993 бо айби исрофкорӣ дар амволи давлатӣ зиндонӣ шуд. Наздикону пайвандони вай мегӯянд, соҳибкор ва вакили ӯзбек Қуқанов, ки дар солҳои 1980-ум маъруфият касб карда буд, бо фармони бевоситаи Ислом Каримов зиндонӣ шудааст.

Самандар Қуқанов дар соли 1989 ҳамзамон бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон ба мақоми вакилӣ интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG