Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси сиёсии узбак 3 соли дигар дар зиндон мемонад


Додгоҳе дар вилояти Навоии Узбакистон муҳлати зиндони маҳбуси сиёсӣ, вакили пешини Шӯрои Олии Узбакистони шӯравӣ Самандар Қуқановро 3 солу 5 рӯз тамдид кард. Мақомоти Узбакистон ба хонаводаи Қуқанов гуфтаанд, ки сабаби тамдиди муҳлати зиндони Самандар ба таври "мудовим" вайрон кардани қоидаҳои зиндон аз сӯи маҳкумшуда будааст.

Сардор Қуқанов, писари Самандар мегӯяд, тамдид муҳлати зиндони падараш ғайриқонунӣ буда, як рӯз пас аз адои муҳлати ҳабс, қарори тамдид содир шудааст. Муҳлати ҳабси Самандар 6 октябри соли ҷорӣ ба охир расида буд.

Қуқанов, ки 23 солу 4 моҳ инҷониб дар зиндон аст, маҳбуси сиёсӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи Узбакистони мустақил дарозтарин муҳлати зиндонро пушти сар мекунад. Вай 2 июли соли 1993 бо айби исрофкорӣ дар амволи давлатӣ зиндонӣ шуд. Наздикону пайвандони вай мегӯянд, соҳибкор ва вакили узбак Қуқанов, ки дар солҳои 80-ум маъруфият касб карда буд, бо фармони бевоситаи Ислом Каримов зиндонӣ шудааст.

Самандар Қуқанов дар соли 1989 ҳамзамон бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон ба мақоми вакилӣ интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG