Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷагирӣ аз мавсими варзишии соли Олимпидаи Рио


Дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавсими соли 2016-ум натиҷагирӣ шуд. Дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми октябр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, баргузор шуд, беш аз 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар (АЖРВТ) аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.

Нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорон дар бораи натоиҷи ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод. Вай зикр намуд, ки варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар ин бозиҳо дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр медали тилло ба даст овард. Зимнан, ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

“Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио-2016 бо як медали тилло дар байни 206 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 54-ум қарор гирифт, ки ин нисбат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар соли 2012-ум дар Лондон 25 зина болост. Инчунин Тоҷикистон аз рӯи шумораи медали тилло ба шумораи варзишгароне, ки аз кишвари мо дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок доштанд (ҳафт нафар), дар байни кишварҳои ҷоизадор дар мақоми аввал қарор гирифт. Аз ин ҷиҳат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюм ва Озарбойҷон сеюм шуданд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба гуфтаи ӯ Кумитаи миллии олимпӣ ба Дилшод Назаров дар муддати дувуним соли охир ҳар моҳ ба маблағи 1000 доллари ИМА стипендияи олимпӣ таъин карда буд. Ба ғайр аз ин, ба Дилшод Назаров ва мураббиёнаш Владимир Машко ва Либор Кртен (ҳарду аз Чехия) КМО ҶТ барои иштирок дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ мувофиқи шартнома кӯмаки молӣ кардааст.

Вале ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, ба ҷуз Федератсияи варзиши сабук, федератсияҳои миллӣ нақшаҳояшонро иҷро накарданд. “Мо аз варзишгаронамон дар риштаҳои бокс ва дзюдо медалҳои олимпиро чашмдор будем, вале онҳо муваффақ нашуданд. Боиси нигаронист, ки варзишгарони мо дар намудҳои афзалиятнок - гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва таэквондо ВТФ - ба Олимпиадаи Рио роҳхат гирифта натавонистанд, ҳарчанд ки мо барои омодагӣ ва ширкати онҳо дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва мусобиқоти литсензионӣ барномаи махсусро пиёда кардем”, - гуфт Баҳрулло Раҷабалиев.

“Дастоварди бузургтарини варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио мо, масъулини соҳа, федератсияҳои миллии варзиширо водор месозад, ки барои рушди минбаъдаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар, боз ҳам баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи ҷаҳон дучанд меҳнат кунем. Аз ин рӯ мо аз ҳоло бояд бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ аз паи таҳияи барномаи вижаи ҳукуматӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпии соли 2020-ум дар шаҳри Токиои Ҷопон шавем”, - таъкид намуд Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба иттилои ӯ рӯзҳои 12-16 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар Ассамблеяи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) доир мешавад. Тоҷикистонро дар ин ассамблея Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагӣ мекунанд.

Ҷаноби Раҷабалиев афзуд, “бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии президенти ANOC Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Доҳаи Қатар барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст”.

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш гуфт, “Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар моҳи октябри соли равон китоберо бо номи «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ - дар нашриёти «Андалеб»-и шаҳри Душанбе аз чоп баровард. Дар ин китоб дар бораи дастоварди бузургтарини гурзандози машҳури тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия нақл карда мешавад”.

Китоби нави «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» ба хабарнигорон тақдим гардид.

Баъдан ба хабарнигорон дар бораи ду чорабинии бузурги варзишии соли оянда иттилоъ дода шуд. Яке Бозиҳои IV ҳамбастагии исломист, ки аз 12-ум то 22-юми майи соли оянда дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мешавад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо бо иштироки беш аз 5000 варзишгар дар 20 намуди варзиш барпо мегардад.

Дигаре Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ мебошад, ки аз 17-ум то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бозиҳо ширкати 5500 варзишгар аз 69 кишвари Осиё ва Уқёнус дар назар аст. Онҳо аз рӯи 21 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш филмҳои мустанадро дар бораи ҷараёни омодагиҳо ба ин бозиҳо дар Боку ва Ишқобод тамошо карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016 посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи роҳҳои шавқовари рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар, барномаҳои миллии зидди доруҳои мамнуъ, масоили ҳалталаби инкишофи ҳаракати олимпӣ табодули таҷриба намуданд. Инчунин онҳо дар бораи роҳҳои беҳтар кардани тарғибу ташвиқи варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар матбуот, телевизиону радио ва расонаҳои электронӣ (интернет) пешниҳодҳои судманд карданд.

XS
SM
MD
LG