Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Пайк" ду ҳафта боз нашр намешавад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Муддати ду ҳафта боз танҳо нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон – “Пайк” чоп намешавад. Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” рӯзи душанбеи 31 октябр ба Радиои Озодӣ сабаби ин амрро дар мушкилоти молӣ унвон кард. Ба гуфтаи ҷаноби Иброҳим, “намояндагии бонки “Агроинвестбонк” дар минтақаи Кӯлоб дар пардохти маблағи нашрия саҳлангорӣ мекунад ва ба ин далел “Пайк” ҳафтаи дуввум аст, ки чоп намешавад”.

Ҷаноби Иброҳим гуфт: “Мо дар суратҳисобамон дар “Агроинвестбонк” як миқдор пул дорем, ки барои чопи ҳадди аксар як ё ду шумораи нашрия мерасад, аммо ба сабаби он, ки бонк пули муштариёнро намедиҳад ва мо ҳам наметавонем маблағи лозимаро бигирем, ду ҳафта боз натавонистем “Пайк”-ро чоп кунем”.

Сардабири нашрияи мустақили “Пайк” мегӯяд, ҳар гоҳе ба бонк муроҷиат мекунанд, маблағи 500 сомонӣ барояшон медиҳанд, ки ин барои чопи нашрия дар чопхона басанда нест. Ҳол он ки ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, чопхонаи “Анис” дар шаҳри Душанбе, барои чопи як шумора аз онҳо маблағи 2,5 -3 ҳазор сомонӣ талаб дорад. Вай гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъи бонкҳо, дар робита ба ин қазия ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарданд, аммо суратҳисоби дигаре дар бонки “Амонатбонк” боз намуда ва умед доранд, мушкилашон ҳал шавад ва “Пайк” ба дасти ҳаводоронаш ҳар чӣ зудтар бирасад.

Аммо Аҳмади Иброҳим мегӯяд, дар пайи бӯҳрон, вазъи молии нашрия он қадар хуб нест ва умедашон ба маблағи обуна ва фурӯши он аст, ки битавонанд, дар ин шароит муштарии худро ноумед насозанд. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Иброҳим, обуна ба нашрия 50 дарсадро ташкил медиҳад.

Зимнан, “Пайк” ба унвони танҳо нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, аз соли 2013 ба ин сӯ ҳафтае як маротиба ва бо тирожи 2,5 ҳазор нусха чоп мешавад. Қимати ҳар як нусхаи он аз ҷониби нашрия 1 сомониву 30 дирам буда, аммо дар дӯконҳо бо қимати 2, сомониву 30 ва 2 сомониву 50 дирам ба фурӯш меравад.

Хатлон, бо беш аз 2 миллион ҷамъият аз бузургтарин вилоятҳои ҷанубии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо он, ки дар ин вилоят, радио ва телевизион ва як-ду нашрияи давлатӣ фаъол аст, аммо “Пайк” ягона нашрияи хусусӣ дар ин минтақа маҳсуб меёбад. Бо тиражи 2, 5 ҳазор нусха чоп шудани “Пайк” ва ҳар нашрияи дигар наметавонад, ниёзи ҷамъияти 2 миллионнафарии вилоятро бароварда кунад.

XS
SM
MD
LG