Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назира ҳамроҳи чор фарзандаш дар яке аз рустоҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ба сар мебарад ва мегӯяд, ки тайи тақрибан даҳ сол боз на муносибати шавҳар ва на муносибати ҷомеа бо ӯ тағйир накардааст. Ӯ рӯзи 30 октябр гуфт, тайи ин муддат кори хонаро анҷом дода, барои ба қавли худаш дарбеҳ кардани як бахши зиндагӣ дӯзандагӣ ҳам мекунад, вале ҳанӯз ҳарфи аввалро мардони хонавода мезананд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо ҷойи 51 ва Қирғизистон бо ҷойи 81 аз Тоҷикистон пештар истодаанд.

“Чӣ хеле ки пештар ҳаёт ба сар мебурдем, ҳамон хел зиндагӣ дорем. Дар ҷомеа як зан ҳастем ва марзҳои рафтору гуфтори моро гӯё муайян кардаанд. Кори мардонаро дар саҳро мекунӣ, бикун, вале дар тасмимгириҳо дар хона ва ҳатто маҳалла овоз надорӣ”. – таъкид кард ӯ.

Дар ҳоле ки Назира мегӯяд, вазъаш ба ҳайси зан дар хонавода ва ҷомеа тағйир накардааст, Тоҷикистон имсол дар раддабандии нави кишварҳо дар мавриди риояи баробарии марду зан ду зина боло рафт ва дар ҷойи 93 қарор гирифт. Раддабандии нави таъмини баробарии гендерӣ миёни 144 кишвари ҷаҳонро Форуми ҷаҳонии иқтисод таҳия кардааст ва муҳаққиқони ин форум мегӯянд, онҳо баробарии зану мард ва нақшашонро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду сиёсат, беҳдошт ва маориф баҳогузорӣ намуданд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо ҷойи 51 ва Қирғизистон бо ҷойи 81 аз Тоҷикистон пештар истодаанд. Вале мақоми Узбакистону Туркманистон дар ин раддабандӣ нишон дода нашудааст. Дар сархатти феҳрист Исландияву Финляндия ва Норвегия қарор дошта, Покистону Яман дар зинаи охирин ҷой гирифтаанд. Имсол Озарбойҷон дар муқоиса ба кишварҳои дигар барои таъмини баробарии марду зан якбора даҳ зина пештар рафтааст.

Тоҷикистон аз соли 1995 барои баробарии марду зан талош дорад ва соли 2005 дар ин замина қонуни махсусро ҳам ба тасвиб расонда буд. Зарнигор Раҷабова – роҳбари як созмони иҷтимоӣ – рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду зина боло рафтани Тоҷикистон дар мавриди баробарии гендерӣ то ҳадде ба ҳақиқат наздик аст. Чун, ба гуфтаи ӯ, бино ба ҳисоби созмонаш тайи ду соли гузашта ризояти волидон ба таҳсили духтарон дар баробари писарҳо дар кишвар афзудааст.

Ӯ гуфт, “созмони мо дар минтақаҳое мисли Нурободу Рашт ва Исфараву Ваҳдат кор мебарад. Масалан, соли 2014 дар Нуробод ҳамагӣ 14 фоизи духтарон барои идомаи таҳсил баъди синфи 9-ум роҳ ёфта буданд. Дар соли хониши 2015-1016 ин рақам ба 30 дар сад расид, ки воқеан хушҳолкунанда аст.” Зарнигор Раҷабова гуфт, таҳсил як бахши муҳим ба ҳисоб меравад ва эҳтиром қоил шудани волидон ба идомаи таҳсили духтаронашон бозгӯи он аст, ки билохира ҷомеа дарк кардааст, мардону занон дар сатҳҳои баробар бошанд.

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд солҳои охир ризояти волидон барои таҳсили духтарон дар мактаб бештар шудааст, аммо аксарн зиндагии онҳо баъди рафтан ба хонаи шавҳар тағйир мекунад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, на танҳо мардони оддӣ, балки мақомдорон низ талош надоранд, ки занонро дар баробари худ ҷой диҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Вай афзуд, “тамоми кадрҳои зан, ки соҳиби мақом мешаванд, дар Тоҷикистон ангуштшуморанд. Онҳо аз як хоначаи тахтаи шоҳмот ба хоначаи дигар мегузаранд ва баъди анҷоми ваколаташон бознишаста мешаванду тамом.”

Нисфе аз ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, вале тибқи омори расмӣ, ҳудуди 30 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои давлатиро занон ишғол кардаанд. Аммо дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо Ойниҳол Бобоназарова дар соли 2013 довталаби курсии президентӣ шуда, он ҳам то марҳилаи охир нарасидааст.

То кунун нафаре аз миёни занон ба мақоми нахуствазири Тоҷикистон таъин нашудааст. Дар ҳоли ҳозир 16 вакили порлумон, раҳбарони як вазорати давалтӣ, як оҷонсӣ ва ду кумита занонанд. Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ тақрибан як сол боз раҳбарии дастгоҳи иҷроияи президентро бар ӯҳда дорад.

Озода Раҳмон

Озода Раҳмон

Тоҷикистон як силсила фармону барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла фармони президент аз соли 1998 дар бораи боло бурдани мақоми занон, барномаи дастрасии занони деҳот ба замин ва барномаи ҷадиди давлатӣ бо номи “Тарбия, интихоб ва таъйини кадрҳои раҳбарии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2007-2016”-ро тасвиб кардааст. Вале бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, боварҳои стереотипӣ дар бораи баробарии марду зан дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд боқӣ мондаанд ва барои тағйри онҳо як солу ду сол басандагӣ намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG