Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи Итолиё чанд биноро хароб кард (ВИДЕО)


Заминларзаи беш аз шашдараҷаӣ субҳи 30 октябр Рим, пойтахти Итолиёро таккон дода, чанде аз сохтмонҳоро хароб ва чанде аз сокинонро маҷруҳ кардааст. Дар бораи фурӯравии як ибодатгоҳ дар шаҳри Норча ҳам гузориш шуд, вале дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест. Бино ба гузоришҳо заминларза ба ҳадде шадид будааст, ки онро дар Флоренсия ва шимоли Итолиё низ эҳсос кардаанд. Метрои пойтахти Итолиё муваққатан баста шудааст, то паёмадҳои заминларзаро дақиқ кунанд. Аз ин пеш, моҳи августи имсол як заминларзаи шадид дар Итолиё даҳҳо манзилро хароб карда ва боис ба марги тақрибан 300 нафар шуда буд. Маркази заминҷунбӣ дар Рим буд, вале харобиҳои он ба се вилояти ин кишвар расид. Аз ҷумла, шаҳрдори шаҳри Аматриче гуфт, нисфи шаҳр хароб шудааст. Соли 2009 низ дар натиҷаи чунин зилзила беш 300 нафар ҷон доданд.

Заминларзаи нерӯманд биноҳоро вайрон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

XS
SM
MD
LG