Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз тасмими раиси ФБР


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон, номзад ба мақоми президенти Амрико аз Ҳизби демократ, аз номаи Ҷеймс Коми – раиси Хадамоти федеролии таҳқиқот ё ФБР – ба Конгресс дар бораи парвандаи имейлҳояш интиқод кард. Раиси ФБР аз оғози таҳқиқоти нав дар парвандаи имейлҳои ифшошудаи Ҳилларӣ Клинтон хабар додааст. Аммо Клинтон номаи раиси ФБР-ро "бесобиқа", "амиқан нигаронкунанда" ва "аҷиб" тавсиф карда, гуфтааст, Ҷеймс Коми дар баробари мардуми Амрико масъулият дорад, ки ҷузъиёти гузориши имейлҳои ифшошударо мунташир кунад. Доналд Трамп, рақиби Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, бо истиқбол аз ин тасмим гуфтааст, набояд иҷозат дод, ки Клинтон барномаи, ба таъбири ӯ, "хилофкоранаашро" ба Кохи Сафед барад. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG