Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои озодии Шарбат Гул


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки талошҳо барои озодии Шарбат Гул дар Покистон идома дорад. Умар Захилвол – сафири Афғонистон дар Покистон – дар Твиттер навишт, ахиран масъалаи паноҳҷӯён, бахусус қазияи Шарбат Гулро бо сафири Олмон дар Исломбод низ дар миён гузоштааст. Зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ бо чашмони сабзрангаш рӯи муқоваи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуд ва ӯро ба шуҳрат расонд, ба иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шудааст. Кормандони таҳқиқоти федералии Покистон баъди ду соли таҳқиқ дар мавриди ӯ ва шавҳараш, ки акнун фирорӣ аст, Шарбат Гулро боздошт карданд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд.

XS
SM
MD
LG