Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боб Дилан гуфт, ҷоизаи Нобелро худаш қабул мекунад


Боб Дилан, шоиру овозхони маъруфи амрикоӣ, баъди бештар аз ду ҳафтаи соҳиби ҷоизаи Нобел шудан ба ин рухдоди фарҳангӣ вокуниш нишон дод ва онро хабари “ҳайратовару ғайриинтизор” донист. Вай дар суҳбат бо нашрияи “Телеграф”-и Бритониё гуфтааст, дар маросими тақдими ин ҷоиза, ки интизор меравад, рӯзи 10 декабри имсол дар Стокҳолм баргузор шавад, иштирок хоҳад кард. Академияи Шветсия ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт ба Боб Дилан, шоиру овозхони маъруфи амрикоӣ, ки аз ӯ гоҳе дурдонаи ноёб ҳам ном бурда мешавад, тақдим кард. Тӯли бештар аз ду ҳафтаи хомӯшии Дилан бисёриҳоро нигарон карда буд ва ҳатто кумитаи тақдими ҷоизаи Нобел ӯро назарбаланд хонд. Аммо Боб Дилан дар суҳбат бо “Телеграф” гуфтааст “ин хеле ғайриинтизор буд. Кӣ ҷуръат мекард, ки ба ин монанд орзуро дар дил парварида бошад?”

XS
SM
MD
LG