Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русияро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ роҳ надоданд


Русия ин дафъа шомили Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид нашуд. Дар овоздиҳии рӯзи 28 октябр дар Ассамблеяи генералии СММ, ки 193 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, Русия аз Маҷористону Хорватия қафо монд. Дар ин овоздиҳӣ Маҷористон 144, Хорватия 114 ва Русия 112 раъй гирифтанд. Узвияти ҳозираи Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид охири имсол ба анҷом мерасад. Михаил Федотов, раҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия, аз он изҳори таассуф кард, ки кишвараш наметавонад шомили Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бошад. Аммо, ба қавли ӯ, натиҷаи овоздиҳӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Русия дахл надорад, балки ба муносибатҳои байналмилалӣ рабт мегирад. Қаблан чанде аз созмонҳо хоста буданд, ки Русияро аз ҳайати Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид берун кунанд.

XS
SM
MD
LG