Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи имейлҳои Клинтон дубора баррасӣ мешавад


Ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ, аз тасмими ФБР интиқод кард, ки таҳқиқи дубораи парвандаи имейлҳои Клинтон ва истифода аз сервери шахсиро рӯйи даст гирифтааст. Ситоди интихоботии номзади Ҳизби демократ аз ФБР – Хадамоти федеролии таҳқиқот хостааст, то ҳарчӣ зудтар дар бораи даври тозаи таҳқиқи имейлҳо ба мардуми Амрико шарҳи бештар ироа кунад. Ҷеймс Коми, раиси Хадмоти федеролии таҳқиқот рӯзи ҷумъа дар номае ба аъзои конгресс гуфт, таҳқиқи парвандаи баҳсангези имейлҳои Клинтон ва истифода аз сервери шахсӣ дубора баррасӣ мешавад. Қаблан ин парванда ба далели он ки кирои таъқиби ҷиноиро надорад, баста шуда буд. Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, аз ин қарори ФБР истиқбол карда, Ҳилларӣ Клинтонро барои гӯё даст доштан дар фасод муттаҳам намудааст. То замони баргузории интихоботи президентӣ дар Амрико даҳ рӯзи дигар монд.

XS
SM
MD
LG