Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни ДОИШ 232 нафарро дар Мосул куштаанд


Равина Шамдасани

Равина Шамдасани

Дафтари Зайд ал-Ҳуссейн, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ 232 нафарро дар шаҳри Мосули Ироқ куштаанд. Равина Шамдасани, сухангӯи ин муассисаи созмони Милал рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Женева гуфт, ҷангҷӯён ҳамчунин даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи Ироқро ба шаҳри Мосул оварда ва ба ҳайси сипари зинда истифода мекунанд.

Айни замон нерӯҳои ироқӣ ва размандагони пешмаргаи курд, амалиёт барои поксозии шаҳри Мосул аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро идома медиҳанд. Ба гуфтаи Равина Шамдасани, ҷангҷӯён 232 нафарро рӯзи 19-уми октябр куштаанд ва 190 нафари онҳо афсарони собиқи нерӯҳои амниятии Ироқ будаанд. Чиҳилу ду қурбонии дигар онҳое будаанд, ки ба амрҳои гурӯҳи Давлати исломӣ итоат накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар бошад, зеро гирифтани иттилоот аз дохили шаҳри Мосул мушкил аст.

XS
SM
MD
LG