Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 3 тан дар Суғд барои талоши сохтани лавозимоти тарканда


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд донишҷӯи омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро, ки аз “Давлати исломӣ” тарзи сохтани лавозимоти таркандаро ба даст овардаанд, дастгир кардаанд. Ба иттилои манобеъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин ҷавонон дар ҳоле боздошт гардиданд, ки лавозимоти заруриро ҷамъ оварда, мехостанд таҷҳизоти тарканда бисозанд. Ба гуфтаи ҳамин манобеъ, инҳо ҷавонони 17, 18 ва 20 сола буда, онҳоро рӯзи 26-уми октябр мақомоти Кумитаи амният боздошт кардаанд. Дар ҳоли ҳозир мақомот ба далели таҳқиқи қазия аз ифшои ном насаби ҷавонони боздоштшуда худдорӣ мекунанд.

Қабл аз ин, моҳи августи соли равон додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавони 17- солаи сокини ин ноҳияро барои ҷалби сокинон тавассути шабакаи Интернет барои шомил шудан ба созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 10,5 соли ҳабс маҳкум кард. Нурулло Ашӯрзода, додраси додгоҳи ноҳияи Ғафуров рӯзи чоршанбеи 3 август гуфт, ки хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ин ноҳия, бо тахаллуси “Ҳидоятулло” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники.ру” гурӯҳҳое бо номҳои “Раҳнамо ба сӯи Давлат-ул-Ислом”, “Ҳидоятуллои Зарафшонӣ”, “Добрый муслим” таъсис дода, худро бо тахаллуси “Добрый муслим” сабт ва мавқеи ҷойгиршавии худро “Давлати Сурия” нишон дод. Ӯ дар ин саҳифаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги Сурия даъват карда, теъдоди хонандагони доимиашро ба беш аз 1000 нафар расонидааст.

Бар пояи омори раёсати корҳои дохилии Суғд, дар шаш моҳи аввали соли равон 394 сокини минтақа ва 24 нафари онҳо ҳамроҳи ҳамсару кӯдакони худ ба ҷанги Сурия рафта, 36 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG