Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини муштараки хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистону Қирғизистон


Шӯроби Исфара.

Шӯроби Исфара.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Қирғизистон тӯли ду рӯз рафъи пайомадҳои офати табии эҳтимолиро машқ карданд. Бино ба ривояти ин машқи муштарак, шаҳраки ангиштканони Шӯроби Исфара, ҳаммарз бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар пайи рух додани заминларза осеб мебинад ва одамон зиён ва бархе бесарпаноҳ мемонанд. Ба маҳали ҳодиса кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи тоҷик ҳозир мешаванд ва ҳамтоёни қирғизи худро ба мадад мехонанд ва якҷоя ба наҷоти одамон, берун бурдани онҳо ба макони амн ва фароҳам намудани зистгоҳ барои онҳо ва расонидани ғизову лавозимоти дигари зист, камар мебанданд.

Анварҷон Қосимов, муовини сардори ситоди хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин машқи муштараки байнисарҳадӣ, ки рӯзҳои 26-27 октябр дар Исфара баргузор гардид, ҳайати наҷотдиҳандагони Қирғизистон бо 22 воситаи нақлиёт, 120 таҷҳизоту дастгоҳ ва беш аз 100 восита махсус ба шаҳраки Шӯроб, ҷои баргузории машқ ҳозир шуданд. Ба қавли ӯ, 12 хадамоти мудофиаи гражданӣ, дастаи вижаи зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд ва зиёда аз 40 адад нақлиёту техникаҳои махсус ширкат карданд.

Қосимов ҳадафи баргузории ин машқи муштаракро бо номи «Амалҳои сохторҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми офатҳои табиии байнисарҳадӣ» “санҷиши ҳамоҳангии нақшаи мудофиаи граждании Тоҷикистон Қирғизистон ва системаи ягонаи пешгирū ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда”, номид.

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё дар гузашта ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистону Қирғизистон дар амал чунин ҳамкорӣ доштанд ва дар сурати рухдоди селҳои калоне, ки баҳорон ба қисматҳои сарҳадии Бодканду Исфара ва Лайлаку Расулов харобиҳо меорад, ҳамкориҳо мекарданд, посухи рад дод. Вале дар тавзеҳи он афзуд, ки ҷонибҳо маъмулан бо нерӯи худ аз ӯҳдаи бартараф намудани оқибатҳои он селҳо баромада, зарур надонистаанд ҳамтоёни худро аз ҳамсоякишвар ба ёрӣ бихонанд. Вале ба таъкиди мусоҳибам, хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Қирғизистон созишҳо ва нақшаҳои ягонаи ҳамкорӣ доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ сареъ бо ҳайъатҳои наҷотдиҳандаву техникаву дигар лавозимот, ба мадади якдигар мерасанд.

XS
SM
MD
LG