Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон дар се бозии дӯстона бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ғолиб омад. Ҳарсе бозӣ рӯзҳои 24-26-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон дар се бозии дӯстона бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ғолиб омад. Ҳарсе бозӣ рӯзҳои 24-26-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд. Ду бозӣ бо ҳисоби якхелаи 6:3 ва як бозӣ бо ҳисоби 6:5 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон хотима ёфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиҳо барои мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагиҳои даста ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2017 баргузор шуданд.

Футзал. Бозиҳои дӯстона

Тоҷикистон (U-20) – Қирғизистон (U-20) – 6:3

Голҳо: Файзалӣ Сардоров (3 гол), Собирҷон Гулаков, Холид Сабуров, Фирӯз Сангов – Азат Абайдиллоев, Маматзиё Жолдошев, Нурсултон Абдилдаев.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

24 октябр. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин».

Тоҷикистон (U-20) – Қирғизистон (U-20) – 6:3

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, Собирҷон Гулаков, Ҳотамшоҳ Раҳмонов, Насим Шарифов, Рабӣ Рабиев, Фирӯз Сангов – Арстанбек Турсунов, Актай Таштанов, Азим Юнусов.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

25 октябр. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин».

Тоҷикистон (U-20) – Қирғизистон (U-20) – 6:5

Голҳо: Рабӣ Рабиев, 19 (1:0). Холид Сабуров, 20 (2:0). Насим Шарифов, 22 (3:0). Азим Юнусов, 23 (4:0). Анорбек Уулу Оқилбек, 29 (4:1). Умед Қузиев, 31 (4:2). Собирҷон Гулаков, 31 (5:2). Насим Шарифов, 38 (6:2). Кирилл Чиркин, 38 (6:3). Арстанбек Турсунов, 39 (6:4). Азат Абайдиллоев, 40 (6:5).

26 октябр. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин».

XS
SM
MD
LG