Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии китобҳои зидди ДИИШ дар Қӯрғонтеппа. ВИДЕО


Ба даҳҳо сокини шаҳри Қурғонтеппа, донишҷӯён ва кормандони пулис ин шаҳр ахиран китобҳое дар мавзӯҳои таҳдидҳои тероризму ифротгароӣ ва паёмадҳои он тақдим гардид. “Салафия - хатари он барои Тоҷикистон” ва “Хатари фаъолияти экстремистӣ-террористии ”Давлати исломӣ” аз китобҳое ҳастанд, ки дар миёни сокинони ҷануби Тоҷикистон тақсим карда шуданд. Ин китобҳо аз ҷониби ВКД Тоҷикистон нашр шудаанд.

Мансур Бухоризода, полковники милитсия ва намояндаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 27 октябр дар ҳошияи баргузории ҳамоиши “Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористӣ ва ифротидошта“ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ҳадафи аслӣ аз нашри ин китоб - пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва характери террористидошта мебошад”. Қаҳрамон Бобохонов, як намояндаи ҳукумати Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи онҳо – пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо аст ва тавассути китоб онҳо метавонанд, ки аз хусусияти ин созмонҳо ва таблиғгарон огоҳ шаванд.

Тибқи иттилои расмӣ муддати 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 50 сокини ин вилоят ба ҳаракати манӯи “Салафия” пайваста ва барои солҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд, ки дар ин миён як зан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳаст. Дар маҷмӯъ аз вилояти Хатлон дар сафи созмони “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ 210 нафар меҷанганд. Аз Тоҷикистон дар сафи ДИИШ 1100 нафар пайвастаанд ва ин падида мавриди нигаронии мақомот мебошад.

Барои ҷилавгирӣ аз сафари ҷавонон ба ҷангҳои бегона мақомот дар дохили кишвар маъракаҳои таблиғоти зиддитеррористӣ ба роҳ монда мегӯянд, ки тавонистанд пеши роҳи ҷавонҳои зиёди гумроҳро бигиранд.

ВКД китобҳои зидди терроризмро муаррифӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

XS
SM
MD
LG