Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ корманди вазорати дифоъ барои хиёнат маҳкум шуд


Додгоҳи Маскав дар идомаи баррасии қазияҳои хиёнат собиқ мақомдори вазорати дифоъро ба мӯҳлати 12 сол зиндонӣ кард. Додгоҳи пойтахти Русия рӯзи 27 октябр рутбаи Андрей Беляев, сарҳанги мустаъфии вазорати дифоъро бекор кард.

Беляевро моҳи октябри соли гузашта боздошт карданд. Маълумоте дар бораи иттиҳоми алайҳи ӯ пахш нашуд ва мурофиаи додгоҳӣ низ пушти дарҳои баста гузашт. Ончи дар бораи Беляев гуфта мешуд, ин буд, ки ӯ корманди собиқи вазорати дифоъ аст.

Матбуоти Русия навишт, ки Беляев иҷозаи иқомат ва шаҳодатномаи ронандагии Шветсияро дошт.

Қазияи ӯ аз бахши қазияҳои рӯ ба афзоиш аст, ки мақомот солҳои ахир боз карда асосан онҳоро ҳадаф қарор додаанд, ки барои пахши маълумоти ҳассос, вале дастраси омма боздошт шудаанд.

Соли гузашта як донишманд, ки Геннадий Кравтсов муаррифӣ мешуд, дар ҳоле 14 сол ҳукми зиндон гирифт, ки барои дарёфти ҷои кор дар Шветсия ариза дод ва дар шарҳи ҳоли худ дар бораи як моҳвораи нав маълумот дод.

XS
SM
MD
LG