Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис аз рӯи бозгӯронидани зани баптист парванда боз кард


Пулиси ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон аз рӯи ҳодисаи монеъ шудан ба дафни як зани пайрави равияи баптистӣ дар қабристони маҳаллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ба маълумоти Вазорати дохилии Қирғизистон, парванда аз рӯи банди 263-и қонуни кайфарӣ - "Тавҳини ҷасад ва макони дафн" боз шудааст. Ин банди қонун муҷозоти маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз се то панҷ сол ва ё ҷаримаи бузургро дар назар дорад.

Қаблан ваколатдори ҳуқуқи инсон Қубат Оторбоев гуфт, ки дафни дубораи ҷасади шахси мурда бо роҳи маҷбурӣ амали ҷиноӣ аст ва Додситони кулли кишвар даъват кард, ки дар муқобили ин ҳодиса чора андешад.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Книгул Сотиболдиеваи 76-сола се дафъа дафн шуд, зеро на дар қабристони мусалмонҳо ва на дар гӯристони насрониҳо барои ӯ ҷой ёфт нашуд. Ин зан аз насрониҳои пайрави равияи баптистӣ буд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Оқ-Сӯи вилояти Иссиқ-кӯл ҳам рух дод. Он ҷо низ мардум ба гӯронидани ҷасади зани 60-солаи баптист дар қабристони мҳаллӣ иҷозат надоданд.

XS
SM
MD
LG