Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Отамбоев бо муовини котиби давлатии ИМА


Almazbek Atambaev/

Almazbek Atambaev/

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо муовини котиби давлатии ИМА дар умури масоили сиёсӣ Томас Шэннон мулоқот кардааст. Дар мулоқот масоили муҳими муносибатҳои Қирғизистону Амрико ва дурнамои робитаҳои ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шудааст.

Дар дидори Отамбоев бо Шэннон муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ Дэн Розенблюм ва сафари ИМА дар Қирғизистон Шейла Гуолтни низ ширкат кардаанд. Шэннон дар Қирғизистон бо намояндагони расмии дигар ва вакилони порлумон, ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кардааст.

Ба иттилои департаменти давлатии ИМА, сафари Шэннон ба 25-солагии истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Зимни ин сафар баррасии масоили ҳамкориҳои ИМА дар доираи "С5+1", ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро фаро мегирад, дар назар аст.

XS
SM
MD
LG