Пайвандҳои дастрасӣ

Мелис Абзалов, коргардони маъруфи узбак 26 октябри соли равон дар шаҳри Стокҳолм дафн шуд. Маросими видоъ бо ӯ ҳамчунин дар манзили зисташ дар Тошканди Узбакистон баргузор гардид. Дар ҷанозаи Абзалов беш аз 50 нафар, аз ҷумла дӯстону наздикони коргардон ва шаҳрвандони Узбакистони муқими Шветсия иштирок доштаанд. Мелис Абзалови 78-сола дар натиҷаи сактаи қалбӣ 25 октябр дар Шветсия даргузашт. Вай бо филмҳои "Исёни арӯсон", "генерал Модарбузург", "Суюнчӣ", "Дуэл дар зери чинор", "Ормон" ва "Рӯзҳои гузашта"-и худ маъруф аст. Абзалов вақтҳои ахир ҳамроҳи духтараш Назира дар Шветсия зиндагӣ мекард. Ҳоло духтару писар ва шаш набераи коргардон муқими ин кишваранд.

XS
SM
MD
LG