Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 26 нафар, асосан кӯдакон дар пайи ҳуҷуми ҳавоӣ дар Сурия


26 нафар, асосан кӯдакон дар пайи ҳуҷуми ҳавоии неруҳои Сурия ё Русия ба маркази аҳолиниши Ҳос кушта шуданд.

Биноба гуфтаи гурӯҳҳои наҷот, маҳалли аҳолиниш ва мактаб ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт. Телевизиони давлатии Сурия бошад аз ҳамлаи ҳавоӣ ба мавқеи ҷангиён дар Ҳос хабар дод. Энтони Лейк, сарвари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон гуфт, ки агар ин ҳамла барқасдона буд, пас он ҷинояти низомӣ ҳисоб мешавад. Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, "ин ваҳшатнок аст, умедворам, ки мо дар он даст надорем. Рад кардани ин хабар барои ман осон аст, аммо ман шахси масъул ҳастам ва вокуниши расмии вазорати дифоъро интизор мешавам"- гуфтааст Виталий Чуркин.

Ҳас дар вилояти Идлиб ҷойгир буда таҳти назорати нерӯҳои мухолифин қарор дорад. Дар ин қаламрав ҳам нерӯҳои муътадил ва ҳам тундрави мухолифин мавқеъ доранд. Аксҳои баъди ҳамлаи ҳавоӣ харобаҳои мактабро бо мизу курсиҳои чаппашуда нишон медиҳад.Бинобар хабарҳо аз 15 то 20 тани кушташудаҳо кӯдакон буданд.

XS
SM
MD
LG