Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани даромади будҷа


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз иҷро нашудани қисми даромади будҷа дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ, нигаронӣ намудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27 октябр дар Қасри Миллат баргузор шуд, ҳамчунин аз афзоиши бақияпулиҳо нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади будҷа 97 дарсадро ташкил дода ва ба будҷа 390 миллион сомонӣ кам ворид шудааст.

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, Директори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғойиб, раиси Бонки миллӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019, гузориш додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии будҷаи давлатӣ барои соли оянда ба андозаи 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба будҷаи соли 2016 - 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти будҷаи Тоҷикистон барои соли 2017 - 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудаааст, ки 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ аз он барои бахшҳои иҷтимоӣ ихтисос дода мешавад

Баъди баррасии аъзои ҳукумат, тарҳи қонун “Дар бораи будҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” барои баррасӣ ба парлумон фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG