Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии НАТО аз "Адмирал Кузнетсов" дар баҳри Миёназамин


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷойгиршавии киштии ҳавопаймобари "Адмирал Кузнетсов" дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин метавонад бомбаборони Ҳалабро шиддат бахшад. Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, бояд ба ин "бомбаборонҳои бетартиб" хотима дода шавад.

"Муколама муҳим аст, бахусус замоне, ки ташаннуҷ боло меравад. НАТО ҷонибдори ҳам мудофиаи қавӣ ва ҳам муколама бо Русия аст", - гуфтааст Столтенберг дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

"Пурзӯршавии фаъолиятҳои низомии Русия чӣ дар баҳр ва чӣ дар фазо ниёз ба механизми канорагирӣ аз ҳаводис ва садамаҳоро бештар кардааст", - афзудааст дабири кулли НАТО.

"Мо шоҳиди парвозҳо аз болои киштиҳои ИМА дар баҳрҳои Сиёҳу Балтик шудем. Ҳамчунин муносибати бемасъулиятонаи бархе аз ҳавопаймоҳои Русияро низ нисбат ба ҳавопаймоҳои НАТО мушоҳида кардем ва ҳодисаву садамаҳои дигарро ҳам борҳо зикр кардаем, бахусус замоне ки ҳавопаймои Русия дар фазои Туркия чанд моҳи пеш сарнагун карда шуд", - изҳор доштааст дабири кулли НАТО.

XS
SM
MD
LG