Пайвандҳои дастрасӣ

Паноҳандагони Калаис хаймаҳоро оташ заданд


Паноҳандагони лагери муҳоҷирон дар наздикии шаҳри Калаис дар Фаронса, ки мақомот ба интиқоли онҳо ба марказҳои муҳоҷират дар саросари кишвар иодма додаанд, рӯзи 26 октябр ба нишони эътироз алайҳи ин кӯчбандӣ хаймаҳо ва сарпаноҳҳоро оташ заданд. То оғози амалиёти тоза кардани камп аз паноҳандагон дар ин макон аз 6 то 8 ҳазор паноҳанда ҷамъ шуда буд. Ҳудудан 4 ҳазори дигар дар ҳамин лагер боқӣ мондаанд.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки ин амалро аз рӯи башардӯстӣ анҷом медиҳанд, то муҳоҷирон дар марказҳои махсус барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кунанд.

Намояндагони пулииси Фаронса мегӯянд, мақомот аз паноҳандагон даъват карданд, ки оташсӯзӣ накунанд, аммо бархе онҳо ба ин даъватҳо гӯш надоданд. Тамоми амалиёти берун бурдани паноҳандагон аз Калаис ҳудудан як ҳафтаро дар бар мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG