Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи ҷосуси КГБ (ВИДЕО)


Дар охири солҳои 1980-ум, дар остонаи фурӯпошии Шӯравии собиқ, Александр Халтурин - як корманди Кумитаи давлатии амният ё КГБ-и СССР - қасди ба доми худ афтондани Анда Тселма, як духтар аз Рига, пойтахти Латвияро дошт, вале ногаҳон дар доми ишқи дувумӣ фурӯ афтод. Анда Тселма мегӯяд, ӯ як миллатгарои латвиягӣ ва фаъоли муҳити зист буд.

"Агар шавҳарам як шахси маъмулӣ мебуд, шояд ошиқаш намешудам", - мегӯяд ӯ. Қисса аз он шурӯъ шуд, ки дар соли 1988 Анда Тселмаро ба қароргоҳи КГБ дар Рига даъват карданд. Ӯ вақти зиёдро дар бозпурсиҳои муфаттиш Александр Халтурин сарф мекард ва модари Анда аз ин ҳол нигарон буд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ишқи корманди КГБ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ия Тселма, модари Анда мегӯяд, “ба ман гуфт, ки дар Кумитаи давлатии амният кор мекунад. Ман лол мондам ва гуфтам, ки Анда шояд ту ҳам корманди ин кумита ҳастӣ? Шояд онҳо туро ҳам ҷалб карданд?” Дар асл ба Александр Халтурин амр доданд, ки ҳамин корро кунад. Он рӯзро Анда ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

“Ӯ корашро дар аввалҳои моҳи июн шурӯъ намуд. Мо ба соҳил рафтем. Дар онҷо бо ҳам сӯҳбат кардем. Ман хуб дар ёд дорам, ки рӯзи гарме буд ва дар тан либоси оббозӣ доштам. Дар ёдам ҳаст, ки бо тамрини ҷисмонӣ тавонистам, таваҷҷӯҳи ӯро ҳамчун мард ба худ ҷалб кунам. Ҳис кардам, ки ӯ Ромеои ман аст», - гуфт Анда Тселма.

Анда Тселма дар айёми ҷавониаш
Анда Тселма дар айёми ҷавониаш

Александр низ нисбат ба Анда эҳсоси ҳамсон дошт ва моҳи сентябри соли 1989 онҳо бо якдигар издивоҷ карданд. Баъд аз як соли шиносоӣ бо Анда вай КГБ-ро тарк карда, ба мубориза барои мустақилияти Латвия пайваст. Аммо ин тасмим барояш гарон афтод. Вақте соли 1991 Латвия соҳибистиқлол гашт, Александр фарди бе кишвар шуд.

Анда Тселма гуфт, "ӯ чун корманди КГБ шаҳрвандӣ надошт ва наметавонист шаҳрвандӣ бигирад. Мо куллан робитаро бо бештари дӯстони наздикамон қатъ кардем, онҳо дар порлумон қарор қабул мекарданд. Ҳамон қарорҳоеро, ки ӯро аз гирифтани шарҳвандӣ маҳрум мекарданд. Ӯ метарсид ба Маскав биравад, чун бовар дошт, ки ҳабс мешавад."

Анда Тселма
Анда Тселма

Александр ҳаргиз ба Русия барнагашт. Ӯ аввал ба ҳайси пулис ва баъдан дар бонк кор кард. Ин ҷуфт писареро бо номи Костя ба фарзандӣ гирифтанд. Анда ва Адександр 24 сол, то он даме ки Александр дар соли 2013 аз бемории саратон даргузашт, ҳамроҳ буданд. Ӯро дар назди модаркалони ҳамсараш дафн карданд. Александр гумон дошт, ки Андаро ба манфиати худ истифода мекунад, аммо кор баръакси он анҷом пазируфт.

XS
SM
MD
LG