Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 27-ум то 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” баргузор мешавад. Дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 26-уми октябр, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” барпо гардид, зикр шуд барои роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳонконг ва Тайван мубориза мебаранд.

Сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ширкаткунандаи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” дар ин нишаст дар бораи омодагии тимҳои худ ба бозиҳо иттилоъ доданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Қаноат Латифов, сармураббии мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, “мо дар ин мусобиқа аввалан таҷоруби байналмилалӣ касб мекунем, баъдан дар ҳар як бозӣ мекӯшем, ки ба мухлисонамон футболи зебою тамошобоб нишон диҳем ва дар оянда футболи занонаро рушд бидиҳем. Дар бораи рақибонамон гуфтаниям, ҳарсе дастае, ки ба Душанбе омадааст, барои ғолибият имкони хуб дорад.”

Ба гуфтаи коршиносон дастаи мунтахаби занонаи Узбакистон муддаии аслии роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё мебошад. Вале сармураббии ин даста Баҳром Норсафаров иброз дошт, ки дар ин гурӯҳ ҳамаи тимҳо имкони ғолиб шудан доранд. Вай афзуд, “мо ба ҳарсе бозӣ ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ омодаем. Барои мо дастаи пурқуввату суст нест. Мекӯшем, ки сазовор бозӣ кунем. Барои духтарони мо низ ин мусобиқа касби таҷрибаи хуби байналмилалӣ мебошад.”

Зимнан, Баҳром Норсафаров дар замони шӯравӣ дар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бозӣ кардааст. Ӯ гуфт, “ман хушҳолам, ки пас аз 25 сол боз ба Тоҷикистон омадам. Ман медонам, ки дар инҷо футболро дӯст медоранд. Ба футболи занона ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Махсусан хоҳиши духтарон ба бозии футбол зиёд аст.”

Дар нахустин даври мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “D” рӯзи 27 октябр Тайван бо Ҳонконг ва Тоҷикистон бо Узбакистон рақобат мекунанд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Тайван – Ҳонконг

17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

29 октябр (шанбе)

14:00 – Ҳонконг – Узбакистон

17:00 – Тоҷикистон – Тайван

Даври 3-юм

31 октябр (душанбе)

14:00 – Узбакистон – Тайван

17:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG