Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати фарҳанги Русия даъвои Райкинро беасос хонд. ВИДЕО


Константин Райкин дар анҷумани иттиҳоди ходимони театр

Константин Райкин дар анҷумани иттиҳоди ходимони театр

Вазорати фарҳанги Русия аз изҳороти раҳбари театри "Сатирикон" Константин Райкин дар заминаи эҳёи сензура ва "ҳамла" ба фарҳангу ҳунар дар ҳайрат афтодаанд. "Ходимони театр барои пахши чунин изҳорот асосе надоранд",- гуфт муовини вазири фарҳанг Александр Журавский.

Ин мақомдори Русия мегӯяд, ки "давлат ба фаъолияти эҷодии театр дахолат намекунад" ва танҳо беҳтар кардани "нишондодҳои иқтисодӣ"-ро талаб дорад. Журавский афзуд, ки бо вуҷуди афзоиши сармоягузорӣ солҳои ахир ҳузури тамошобин дар худи "Сатирикон" дар сатҳи паст қарор дорад.

Константин Райкин дар бораи эҳёи сензура ва "ҳамла ба ҳунар" 24 октябр дар анҷумани ходимони театр изҳорот дод. Ӯ аз лағви намоишгоҳи аксҳои суратгири амрикоӣ Ҷок Стерҷес дар Маскав ва манъи намоишномаи "Иисус Христос-суперзвезда" дар театри Омск ёдовар шуд.

Ба гуфтаи Райкин, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки ба манъи ин ду чорабинии фарҳангӣ муваффақ шуданд, аҳдофи худро зери пӯшишҳои ахлоқӣ ва ватану ватанпарварӣ пинҳон мекунанд. Хизмати фаъолони чунин созмонҳо "пардохт" шуда амалҳои онҳо ғайриқонунӣ аст, гуфтааст Райкин.

XS
SM
MD
LG