Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Испания барои додани маводи сӯхт ба киштиҳои Русия


Киштии

Киштии

Испания қарораш дар бораи бо маводи сӯхт таъмин кардани гурӯҳи ҳавопаймобари Русия, таҳти сарварии киштии размии "Адмирал Кузнетсов"-ро, ки дар бандари Сеутаи ин кишвар манъ мешаванд, бознигарӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи бритониёии "The Guardian" хабар дод.

Қарори Мадрид дар бораи таъмини киштиҳои Русия бо маводи сӯхт дар ин бандар норозигии НАТО-ро ба бор овард, ки Испания аз соли 1982 узви он мебошад. Ба назари низомиён, ин тасмим бар хилофи сиёсати НАТО аст, ки амалҳои Русияро дар Сурия маҳкум мекунад. Қаблан гуфта шуд, ин киштиҳо ҳавопаймоҳои низомиро ба соҳилҳои Сурия интиқол медиҳанд. НАТО мегӯяд, ҳавопаймоҳои ҷингӣ метавонанд дар бомбаборони Ҳалаб истифода шаванд.

"Адмирал Кузнетсов" ягона киштии ҳавопаймобари Русия аст, ки дар як вақт вазни даҳҳо ҳавопаймои ҷангиро мебардорад. "Адмирал Кузнетсов" ҳамроҳ бо киштии размоишии ҳаставӣ, ду киштии зидди ҳамлаҳои зериобӣ ва чаҳор киштии ёрирасон ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG