Пайвандҳои дастрасӣ

Колин Повел, вазири умури хориҷии Амрико дар замони маъмурияти Ҷорҷ Буши писар, рӯзи сешанбеи 26 октябр эълон кард, ки дар интихоботи президентии Амрико аз Ҳиллари Клинтон, номзади ҳизби демократ пуштибонӣ мекунад. Дар изҳороти Колин Повел, ки рӯзи 25 октябр дар рӯзномаи Newsday нашр шуд, ӯ Доналд Трампро барои мақоми раёсати ҷумҳури "бесалоҳият" донист ва гуфт, ки Трамп "ваъдаҳое, ки ба мардум медиҳад, наметавонад иҷро кунад."

То ба ҳол Доналд Трамп ба ин изҳори назари собиқ вазири умури хориҷии Амрико дар хусуси пуштибонӣ аз Ҳиллари Клинтон, вокуниш нишон надодааст. Колин Павел дар соли 2001 аз сӯи Ҷорҷ Буши хурдӣ ба мақоми вазорати умури хориҷии Амрико пешниҳод шуд ва барои чаҳор сол дар ин мақом ифои вазифа намуд. Колен Повел дар замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва Ироқ, дар раъси вазорати умури хориҷии Амрико қарор дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG