Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯёни ДИИШ 30 ғайринизомиро дар Ғур тирборон карданд


Афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" шоми 25 октябр 30 тан аз ғайринизомиёнро дар вилояти Ғури Афғонистон тирборон кардаанд. Муҳаммадносир Хозеъ, волии вилояти Ғур рӯзи 26 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни қурбониёни ин ҳодиса, занон ва кӯдакон низ мебошанд. Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса пас аз даргирӣ миёни нерӯҳои давлативу мардуми маҳал бо ин гурӯҳи мусаллаҳ дар минтақаи Коси наздик ба Фирӯзкӯҳ -- маркази вилояти Ғур рух додааст. Аз сӯи дигар, Абдулҳай Хатибӣ, сухангӯи волии Ғур дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса 33 нафар кушта шуданд. Мақомоти маҳаллӣ кушта шудани як фармондеҳи ин гурӯҳи мусаллаҳ дар даргириҳо бо мардум ва нерӯҳои амниятии афғонро таъйид карданд.

XS
SM
MD
LG